Муҳофизати кортҳо

Бонкҳо кӯшиш мекунанд, ки дорандагони кортҳоро аз қаллобон бо таҳияи чораҳои нави бехатарӣ муҳофизат кунанд. Шумо метавонед корти худро бо риояи маслиҳатҳои асосӣ муҳофизат кунед:

  1. Ягон вақт ба ношиносон PIN-код ва CVV2-коди корт, инчунин муҳлати он ва ба номи кӣ ба қайд гирифта шудани онро хабар надиҳед.
  2. Агар шумо кортро гум кардед ё фикр мекунед, ки ягон нафар аз реквизитҳои шумо бохабар шуд, дарҳол ба бонк муроҷиат карда, онро бандед.
  3. Ба интернет-бонк аз компютерҳои бегона ё шабакаҳои муҳофизатнашуда надароед. Агар чунин ҳолат рӯй диҳад, фаромӯш накунед, ки аз Интернет-банкинг хориҷ шавед ва кэши браузери худро тоза кунед.